Ба кӯят меравам [Ba kuyat meravam] [Transliteration]
Songs
2024-11-30 00:19:18
Ба кӯят меравам [Ba kuyat meravam] [Transliteration]
Ба кӯят меравам бо бори дил истода-истода,
Гиреҳҳои диламро баҳри ту бикшода-бикшода.
[2x]
Истода-истода, бикшода-бикшода - [2х]
Ба кӯят меравам бо бори дил истода-истода
Гиреҳ мебандӣ абрӯро, ки дар корам гиреҳ афтад - [2x]
Зи кӯят меравам бо бори ғам афтода-афтода. - [2x]
Афтода-афтода, афтода-афтода
Зи кӯят меравам бо бори ғам афтода-афтода
Тамоми умр масти бода будам, эй хушо як бор
Шудам масти ду чашми масти ту бебода-бебода.
[2x]
Вале ту меравӣ, эй содарӯ, мағрури ҳусни худ
Ба ними роҳ мемонам мани сода, мани сода
[2x]
Ба кӯят меравам бо бори дил истода-истода,
Гиреҳҳои диламро баҳри ту бикшода-бикшода.
[2x]
Истода-истода, бикшода-бикшода - [2х]
Ба кӯят меравам бо бори дил истода-истода
- Artist:Anvar Akhmedov