Ашки Падар [Ashki Padar] lyrics

  2024-07-02 03:18:18

Ашки Падар [Ashki Padar] lyrics

Аҳли дунё аз ин сухан доран хабар

Сабру бардошти мардум бошад болотар

Мерасад он рӯзе, ки худ беихтиёр

Ашки падар мерезад дар тӯйи духтар

[2x]

Аз чаманаш бурдан гули Ранояшро

Аз самояш гӯё бурдан Зӯҳраяшро

Бурдан гӯё, ки ҳам нури чашмонашро

Ашки падар мерезад дар тӯйи духтар

[2x]

Ҳей, ҳар як падар мегиряд дар тӯйи духтар!

Духтар бошад баҳри падар меҳру ботар

Дармон бахшас бар ҷисму ҳам ҷони падар

[2x]

Такдир будас рафтан аз даргоҳи падар

Ашки падар мерезад дар тӯйи духтар

[2x]

Ҳей, ҳар як падар мегиряд дар тӯйи духтар!

Бемор гарди - табиби беминнат духтар

Дар рӯзи хуш шодӣ шариф бошад духтар

[2x]

Хушбахт касест, ки дар ҷаҳон дорад духтар

Ашки падар мерезад дар тӯйи духтар

[2x]

Ҳей, ашки падар мерезад дар тӯйи духтар

Anvar Akhmedov more
  • country:Tajikistan
  • Languages:Tajik
  • Genre:Pop, Pop-Folk
  • Official site:
  • Wiki:
Anvar Akhmedov Lyrics more
Excellent recommendation
Popular