Азизи Дилам [Azizi Dilam] lyrics
Азизи Дилам [Azizi Dilam] lyrics
[Jonibek]:
Дил зи дарди бекасӣ овора мемирад
То ба додаш мерасид, бечора мемирад
Лаҳзаи дил вопасин сад пора мемирад
Аз куҷо ранҷи дили бемор медонӣ
[Yulduz]:
Кори дунё оқибат, ҷоно пушаймонӣст
Нархи ганҷи бебаҳо аз роҳи арзонӣст
Аз ҳама боло валекин қадри инсонӣст
Дар канорам пас бигу, эй ёр мемонӣ
[Jonibek]: Аз тамоми мардуми дунё - ту болоӣ!
[Yulduz]: Дар баҳори чашми ман - як шоми зебоӣ!
~~~ припев | chorus [Jonibek+Yulduz] ~~~:
Азизи дилам, бе ту, бе ту ҳама зулмонӣ
Азизи дилам, бе ту, бе ту ҳама вайронӣ
Азизи дилам, бигу, бигу, ҳоло мемони
Азизи дилам, азизи дилам
[2x]
~~~~~~~~~~~~~~~
[Jonibek]:
Шӯри ишқат дар вуҷуди ман намирад ҳеҷ, ҳеҷ!
Сози ишқат дар суруди ман намирад ҳеҷ, ҳеҷ!
Ин садоро аз гулӯям кас нагирад ҳеҷ, ҳеҷ!
Дар сурудам то абад такрор мемонӣ!
[Yulduz]:
Дар паноҳи ҳукму қонун пас намонад ҳеҷ, ҳеҷ!
Дар миёни нокасу ҳам кас намонад ҳеҷ, ҳеҷ!
Дар сукути лаҳзаи вопас намонад ҳеҷ, ҳеҷ!
Мисли атри тоза дар гулзор мемонӣ
[Yulduz]: Аз тамоми мардуми дунё - ту болоӣ!
[Jonibek]: Дар баҳори чашми ман - як шоми зебоӣ!
припев | chorus [Jonibek+Yulduz] [2x]
[Jonibek]: Аз тамоми мардуми дунё - ту болоӣ!
[Yulduz]: Дар баҳори чашми ман - як шоми зебоӣ!
припев | chorus [Jonibek+Yulduz] [2x]
- Artist:Jonibek Murodov