Ба хаёлам, агар набошӣ ту [Ba hayolam, agar naboshi tu] lyrics
Songs
2024-11-22 05:04:17
Ба хаёлам, агар набошӣ ту [Ba hayolam, agar naboshi tu] lyrics
Ба хаёлам, агар набошӣ ту,
Лаби дарё ғазал намехонад.
Зиндагӣ мешавад нафасгардон,
Шоире мисли ман намемонад.
Ба хаёлам, агар набошӣ ту
Ишқ бесарпараст хоҳад шуд.
Бе ғурури баланди чашмонат
Ҳиммати ишқ паст хоҳад шуд.
Ба хаёлам, агар набошӣ ту,
Бори шеърам касод меояд.
Аз ҳама – ҳар чӣ ҳаст дар дунё
Зиндагиям ба дод меояд.
- Artist:Loiq Sherali
- Album:Ishqnoma (Ишқнома | Послание любви)