Буди куҷо, ай бевафо [Budi kujo, ay bevafo] [Transliteration]
Буди куҷо, ай бевафо [Budi kujo, ay bevafo] [Transliteration]
Файзали:
Буди куҷо, ай бевафо?
карди ба ҷони ман ҷафо.
Хуни диламро рехти,
бинмо худат кайфу сафо.
[2x]
Нигина:
Аз бевафоӣ гап назан.
ҳастам ба ҳоли хештан.
Бӯй кун гиребонӣ худат,
беҳуда мегӯи сухан.
Файзали:
Ҳочат набошад бар баён,
аз он чи мебошад аён.
[2x]
Зистан ба умеди ту буд,
омад ба завқи ман зиён.
Нигина:
Ай бевафо, ай беҳунар,
аҳдам бидоди бар дигар.
Радд карда будам ман вароъ,
хастам зи ту хуни ҷигар.
[2x]
Файзали:
Кай дони матлуби дилам?
- аз нияти худ бедилам.
Дар рангу зорӣ зиндагӣ,
танҳо ту маҳбуби дилам.
[2x]
Нигина:
Кардам вафоятро умед -
бинмуди охир ноумед.
[2x]
Аз ту муродам ин набуд,
теғе ба ҷони ман расид.
[2x]
Файзали:
Дар ҷони ман танҳо туи,
як ёри беҳамто туи.
Аввал хабар ёб аз дилам,
донандаи дилҳо туи.
[2x]
Нигина ва Файзали:
Ёдат кунам шому саҳар,
намо маро хуни ҷигар.
Хоҳи бидони матлабам,
бинмо ба чашмонам назар.
[2x]
- Artist:Nigina Amonqulova