Чаро [Charo] lyrics

Songs   2024-11-15 05:58:05

Чаро [Charo] lyrics

Дар байни мо қароре намонд,

дар дилҳо баҳоре намонд.

Дар чашмон шароре намонд,

роҳи мо аз ҳам шуд ҷудо.

Дарҳоро ба рӯи ҳам бастем,

дилҳоро чӣ содда бишкастем.

Бегона бо ҳам дигар ҳастем,

кори мо афсӯс шуд хато.

~~~~ припев | chorus ~~~

Чаро, чаро, чаро аз ҳам

ману ту хаста шудем?

Чаро, чаро, чаро аз ғам

ҳардy бишкаста шyдем?

Чаро, чаро, чаро мисли ду дари

баста шудем?

Ёр, эй дилозор!

~~~~[2x]~~~~

Ин ғам магар барои ман кам аст?

Дар чашмам нишонаи ғам аст.

Қалби ман ки хонаи ғам аст,

нарав дигар, аз ман бевафо.

Ин соат мо ҳарду бедорем,

ин лаҳза мо ҳарду ғам дорем.

Чӣ фойда аз ҳам ки безорем,

бас дигар, бар ман бас ҷафо.

припев | chorus [4x]

Muboriz Usmonov more
  • country:Tajikistan
  • Languages:Tajik
  • Genre:
  • Official site:
  • Wiki:
Muboriz Usmonov Lyrics more
Muboriz Usmonov Also Performed Pyrics more
Excellent Songs recommendation
Popular Songs
Artists
Songs