Дар қиёси гӯри мардон пештар [Dar qiyosi guri mardon peshtar] [Russian translation]
Songs
2024-11-25 19:02:26
Дар қиёси гӯри мардон пештар [Dar qiyosi guri mardon peshtar] [Russian translation]
Дар қиёси гӯри мардон пештар
Гӯри занро жарфтар мекофтанд
Гӯӣ ӯ дорад гуноҳони азим –
Аз шариат ҳилаҳо меёфтанд.
Гӯри занро жарфтар мекофтанд,
То гуноҳаш жарфтар пинҳон шавад.
То зи хоки ӯ нарӯяд сабзае –
Боиси маъсияти покон шавад.
Бехабар аз он ки зан модар бувад,
Ҷурмаш он бошад, ки инсон зодааст.
Бар чунон одатшиносони дурушт
Ӯ насиби зиндагонӣ додааст.
Бехабар аз он, ки модар холиқ аст,
Зиндагӣ ёбад аз ӯ такрорҳо.
Аз гуноҳи ҷумла фарзандони худ
Мекашад дар гӯр ҳам озорҳо...
Бехабар аз он, ки зан – ҷони ҷаҳон
Чашмашонро бар ҷаҳон бикшодааст.
Гар гуноҳе дорад, он ҳам ин бувад,
К-он чунон ноқадрдонон зодааст...
- Artist:Loiq Sherali
- Album:Modarnoma (Модарнома | Книга о Матери)