Ҳамсадо [Hamsado]

Songs   2024-12-23 05:40:53

Ҳамсадо [Hamsado]

~~~~~ припев ~~~~~~~~~

Гарди ин саҳна, ки дар мижгон аст

Ёдгоре зи хумористон аст

[2x]

Аввалин созу суруди дили мо

Аз ҷавонии гули Эҳсон аст

[2x]

То абад мо ҳамсадоем ҳамнишину ҳамнавоем [2x]

Ошиқи шеъру сурудем то ҷахон аст ошноем [2x]

~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~

Авалин роз ки оғоз гирифт

Аз ду тори дили соз гирифт

Мисли ду боли кабутар ба само

Инчунин номаи парвоз гирифт

[2x]

То абад мо ҳамсадоем ҳамнишину ҳамнавоем [2x]

Ошиқи шеъру сурудем то ҷахон аст ошноем [2x]

Аз ҳунарманд сафо хоҳад монд

Номаи меҳру вафо хоҳад монд

Ҳей хушо бар дили ҳар мухлиси мо

Як наво аз дили мо хоҳад монд

[2x]

припев.

EHSON band more
  • country:Tajikistan
  • Languages:Tajik
  • Genre:Pop
  • Official site:
  • Wiki:
EHSON band Lyrics more
Excellent Songs recommendation
Popular Songs
Artists
Songs