Ишқи [Ishqi] [Transliteration]
Songs
2024-11-08 01:56:36
Ишқи [Ishqi] [Transliteration]
Далер:
Эй духтари парирӯй
Дори ту чашми ҷоду,
Чашмони ту базеб аст
Монанди чашми оҳу
Феруза:
Назар макун ба чашмам,
Назар бикун ба қалбам,
Аз таги ҳар нигоҳат,
Ай ёри ҷон бишармам
Далер:
Ай духтари хушрӯйча,
баро бар сари кӯча
Нишинем бо ҳам як дам,
дар таҳаки олуча
Феруза:
Хоҳам равам ба пешат,
аммо наметавонам,
Одам пур аст дар кӯча,
Рафта наметавонам,
Далер:
Қоши сиёҳатба мурам,
Чашми сиёҳатба мурам,
Хандидану нигоҳу,
Нозу адотба мурам.
Феруза:
Ман ҳам сӯхтам дар ишқат,
Намондас сабру-тоқат,
Туро дидаму, эй ёр
ошиқ шудам ба ҳуснат
- Artist:Daler Kutuzov