Мавриги [Mavrigi] [English translation]
Мавриги [Mavrigi] [English translation]
Дамирбек и Нигина:
~~~~~~ припев-1~~~~~~~~
Кабӯтар будаму парвоз кардаме
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме
~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~
Дамирбек:
Ҳей ҷононаи ман, ту меравӣ ман чӣ кунам, ёре?
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме
Нигина: [припев-1]
Дамирбек:
Нигоро, ин қадар қаҳру ғазаб чисте?
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме
Дамирбек: [припев-1]
Нигина:
Дилат бар ман намесӯзад, сабаб чисте?
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме
Дамирбек: [припев-1]
Нигина:
Шабе, ки ту набошию ман нахандаме
Ҳамон лаҳза ба дилдор расидаме
Дамирбек: [припев-1]
Нигина:
~~~~~~ припев-2~~~~~~~~
Ба куҷо равам зи дардам, чӣ даво кунам чӣ чора? [2х]
Дили ман зи ғусса хун шуд, ҷигарам ҳазор пора [2х]
~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~
Дамирбек:
Гули сурхи нозанинам, ту зи ман хабар надорӣ [2х]
Шабу рӯз ман ғаминам, ту зи ман хабар надорӣ [2х]
Дамирбек и Нигина: [припев-2]
Нигина:
Ба Худо ин зилл ҷалол аст, набин дилам тавалло [2х]
Назари кунад ба ҳолам, ба дилам диҳад тасалло [2х]
Дамирбек и Нигина: [припев-2]
Дамирбек:
Дар канори гулзор бо шароби гулнор [2х]
Як-ду ҷомаки май, ҳабиби ман, бӯса аз лаби ёр [2х]
[2x]
Дамирбек и Нигина:
~~~~~ припев-3 ~~~~~~~~
Дарди дили ман даво надорад,
танбури дилам садо надорад
[2x]
~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~
Дамирбек:
Нигори нозанин, ҳастам ғуломат
Бигир дастам, бубар болои бомат
Агар болои бом ҳар кас набошад
Бидеҳ бӯса аз он ширин лабонат
Дамирбек и Нигина: [припев-3]
Нигина
Қадди сарват илоҳӣ хам нагардад,
Дили шодат ба доми ғам нагардад.
Дамирбек:
Илоҳӣ бошию садсола боши,
Ки сояи дар сари мо кам нагардад
Дамирбек и Нигина: [припев-3]
- Artist:Nigina Amonqulova