Modar lyrics

Songs   2024-07-04 13:59:12

Modar lyrics

Модар ба дилдорӣ, ту меҳри модарӣ,

Ишқам, надидаам беҳтар аз ту дилбарӣ,

Танҳо ту дарди қалби манро марҳамӣ,

Ту ишқамӣ, ту хамдамӣ, ту маҳрамӣ.

Ман хобе хушро бурдам аз чашмони ту,

То пой гирифтам аз шароби ҷони ту,

Гоҳе шикастам қалби меҳрабони ту,

Модар ту бахшиди маро, қурбони ту!

Модар, модар, фариштаам модар,

Меҳрат бар дил навиштаам, модар

Модар, модар, фариштаам модар,

Меҳрат дар дил навиштаам, модар

Фариштаам модар!

Модар ба дил дори ту меҳри модарӣ,

Нозӣ маро бо созу сӯзат мехари,

Ҷуз ту надорам ишқи поки дигари

Дар зиндагӣ ту боварӣ, ту ёварӣ.

Ёдаш ба ҳайр овози ту нолои ту,

Холи набошад дар дили ман ҷои ту,

Шодо хушам бо хандаи зебои ту,

Боғи биҳишт бошад ба зери пои ту.

Модар, модар, фариштаам модар,

Меҳрат бар дил навиштаам, модар

Модар, модар, фариштаам модар,

Меҳрат дар дил навиштаам, модар

Фариштаам модар!

Jonibek Murodov more
  • country:Tajikistan
  • Languages:Tajik
  • Genre:Pop
  • Official site:https://www.jonibekmurodov.com
  • Wiki:
Jonibek Murodov Lyrics more
Jonibek Murodov Featuring Lyrics more
Excellent Songs recommendation
Popular Songs
Artists
Songs