На туро ёбам [Na turo yobam] lyrics
Songs
2024-11-29 13:28:36
На туро ёбам [Na turo yobam] lyrics
Ҳар ҷо ки кунам хона,
Ҳамхона туро ёбам.
Ҳаргиз наравам ҷое,
К-он ҷо на туро ёбам.
Гар хоб кунам шабҳо,
Бар хона равам танҳо.
Дар хоб туро бинам,
Дар хона на туро ёбам.
Дар базми вафокушон,
Дар чашми қадаҳнушон. (2×)
Парвона туро ёбам,
Маъшуқа туро донам.
Гар ҷониби майхона,
Оям пайи паймона.
Ҳаргиз наравам ҷое,
К-он ҷо на туро ёбам.
Дар базми вафокушон,
Дар чашми қадаҳнушон. (2×)
Маъшуқа туро донам.
Ҷонона туро ёбам.
- Artist:Daler Nazarov