Намедонам [Namedonam] [Transliteration]
Songs
2024-11-08 00:46:54
Намедонам [Namedonam] [Transliteration]
Намедонам,
Ки аз дарёи ишқ
Ягона гавҳар
Бигирам...
Ё нагирам...
Намедонам,
Ки бо ин шӯру мастӣ
Дар оғӯшат
Бимирам...
Ё намирам...
Нигоҳҳои ту
Гӯянду, аммо
Нигоҳи гунги ман
чизе нагӯяд....
Ҳама обеки кӣ
Бигузашт
Аз сари ман
Гуноҳҳои маро
Қадре ҳам нашуяд...
Намедонам,
Ки аз дарёи ишқ
Ягона гавҳар
Бигирам...
Ё нагирам...
Намедонам,
Ки бо ин шӯру мастӣ
Дар оғӯшат
Бимирам...
Ё намирам...
Бидонистам, ки
Қадри ту баланд аст
Надонистам, ки
Садри ту баланд аст
Туро бар зонуи
Пастам шинондам
Надонистам, ки
Садри ту баланд аст
Ту новақт омадӣ
Бар хонаи ман
Зи пешам рафтӣ
Э вой, новақт
Ту хандон омадӣ
Хандон мерафтӣ
Рабуда аз лабонам
Хандаи бахт
Намедонам,
Ки аз дарёи ишқ
Ягона гавҳар
Бигирам...
Ё нагирам...
Намедонам,
Ки бо ин шӯру мастӣ
Дар оғӯшат
Бимирам...
Ё намирам...
- Artist:Shabnam Surayo