Навои дилнишин [Navoi dilnishin] [Transliteration]

Songs   2024-12-25 03:44:35

Навои дилнишин [Navoi dilnishin] [Transliteration]

~~~ припев | chorus ~~~

Намешиносиям, вале, ғамат ба сина ошност

Мисоли соли-соли пеш не, ба сони дина ошност

Намешиносиям, вале, шиноси беҳтаринами

Дар ин сукути дерпой, навои дилнишинами

~~~~~~~~~~~~~~~~~

Накун, ки аз канори ту, чу ношинос бигзарам

Накун, ки ишқи тозаро, ба дасти бод биспарам.

Шинос гар намешави, муҳаббати маро шинос

Аз ахтарони чашми ман, дурахши тозаро шинос

припев | chorus

Ҷудоӣ дар миёни мо, ба ҳадди як қадам намонд

Вале нигоҳи масти ту, нигоҳи хастаро нахонд

Шиноси беҳтаринами, вале намешиносиям

Тамоми умр, ҳей азиз, валекин аз ту розиям

припев | chorus

Zulaykho Mahmadshoeva more
  • country:Tajikistan
  • Languages:Tajik
  • Genre:Pop
  • Official site:https://www.facebook.com/zulaykho
  • Wiki:
Zulaykho Mahmadshoeva Lyrics more
Excellent Songs recommendation
Popular Songs
Artists
Songs