Номаҳо [Nomah] [Russian translation]
Songs
2024-11-25 04:46:38
Номаҳо [Nomah] [Russian translation]
~~~~~ припев ~~~~~~~~
Ту навишти номаҳои аз ҷудоӣ
Хондаму донистамат, ки бевафоӣ
Ҳарчи буд аз дил ҷудогӣҳо навишти
Оқибат дар байни мо омад ҷудоӣ
~~~~~~~~~~~~~~~~~~~~
Ту надиди як нигоҳи хаста дорам
Ту надонисти дили бишкаста дорам
Ҳам чу мурғи баста боле дар қафас ман
Аз фироқи ту саройи баста дорам
припев.
Дар дили шаб рӯи ту пеши назар шуд
Оҳу ғавғову фироқам бе асар шуд
Ман, ки умрамро ба поят дода будам
Дар дилу дар дида ҷоят дода будам
Атри гесуи ту монда дар бистари ман,
Нақши лабҳои ту монда дар соғари ман.
Бе худу бе ёду танҳо дар сукутам,
Нест ҷуз ҷои ту дар бари ман.
припев.
- Artist:Sadriddin Najmiddin