Ошиқат ҳастам [Oshiqat hastam] [Transliteration]
Songs
2024-11-07 22:41:25
Ошиқат ҳастам [Oshiqat hastam] [Transliteration]
Анвар:
Ба чашмони сиёҳат,
ба он нози нигоҳат,
ба ҳусни бебаҳоят -
ошиқ шудам ман.
Гуласал:
Ба меҳру ҳам вафоят
ба аҳду ҳам ваъдаҳоят
ба сози ҳам садоят -
ошиқ шудам ман.
~~~ припев | chorus [2x]~~~
Анвар:
Ошиқат ҳастам медони,
Бигу ту бо ман мемони
[2х]
Гуласал:
Суруди муҳаббатро ту
бигу бароям мехони
[2х]
~~~~~~~~~~~~~~~~~
Анвар:
Ҳей гули ғори ман!
Боғу баҳори ман!
Меоям ман иншаб,
Шав интизори ман!
[2x]
Гуласал:
Ман интизори ту!
Дил бе қарори ту
[2x]
Пазмонам ҳар лаҳза,
Баҳри бедорӣ ту
[2x]
припев | chorus [2x]
Анвар:
Сӯям нигоҳ карди,
нозу адо карди,
дили маро бурда,
обу адо карди.
[2x]
Гуласал:
Ҳей роҳати ҷонам,
ба роҳат пазмонам.
[2x]
Ман ҳамон гулам, ки
ту ҳасти гулдонам
[2x]
припев | chorus [2x]
- Artist:Anvar Akhmedov