Ватан [Vatan] [Transliteration]
Songs
2024-12-01 18:16:03
Ватан [Vatan] [Transliteration]
Дар қуллаи кӯҳсорон оғоз кунам ман
Ҳарфом ба каломи Меҳан оғоз кунам ман
Дил дар Ватану, Ватан ҳаме дар дили ман
Ҳар ҷой, ки равам ба номи ӯ ноз кунам ман
~~~ припев | chorus ~~~
Боғу бӯстонӣ, гавҳарафшонӣ
Баҳри ман, ҳей Ватан ҳадияи яздонӣ
Моҳу яктоӣ, дар дилам ҷоӣ,
Баҳри ман, ҳей Ватан муждаи фардоӣ [2x]
~~~~~~~~~~~~~~
Рафтам зи Ватан ба шаҳри хиҷрон - нашуд
Бе кӯҳи баланду оби шорон - нашуд
[2x]
Дидам ҳама ғарбу шарқи дунё, аммо
Монандаи хоки Тоҷикистон нашуд
припев | chorus
Ин ҷой Ватани ман, Ватани Наврӯз аст
Ҳамхонаи хуршеди ҷаҳонафрӯз аст
[2x]
Оғӯши бараш накҳати Модар дорад
Меҳрам ба Ватан, ки Модари дилсӯз аст
Моҳу яктоӣ, дар дилам ҷойӣ,
Баҳри ман, ҳей Ватан муждаи фардоӣ
Боғу бӯстонӣ, гавҳарафшонӣ
Баҳри ман, ҳей Ватан ҳадияи яздонӣ [2x]
- Artist:Nigina Amonqulova